САБКИ БАДЕӢ ВА ХУСУСИЯТҲОИ ЗАБОНИИ ҚАСИДАҲОИ АМИРУШШУАРО МУИЗЗӢ
Description
Мақолаи мазкур ба таҳлили ҷанбаҳои асосии забонӣ ва сабки бадеии қасидаҳои Амирушшуаро Муиззии Нишопурӣ бахшида шудааст. Муаллиф тавассути баррасии забон, луғат, услуб ва санъатҳои бадеии шоир нишон медиҳад, ки Муиззӣ яке аз поягузорони сабки дарбории қасиданависии форсӣ-тоҷикӣ мебошад.
Забони қасидаҳои ӯ бо омезиши мувозини вожаҳои форсӣ ва арабӣ, устувории грамматикӣ ва мусиқияти баланд фарқ мекунад. Муиззӣ дар эҷоди тасвирҳои рамзӣ ва фалсафӣ, истифодаи ташбеҳ, истиора, муболиға ва тазод маҳорат нишон дода, сабки худро ба намунаи равшани ―сабки хуросонӣ‖ табдил додааст. Дар
мақола ҷанбаҳои иҷтимоӣ, фалсафӣ ва мусиқии қасидаҳои ӯ низ мавриди таҳқиқ қарор гирифта, нақши шоир дар ташаккули забони адабии форсӣ-тоҷикӣ ва рушди сабкшиносии классикӣ таъкид мегардад.