ТАЪСИРИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ БА БОЗОРИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ ДАР ШАРОИТИ ТРАНСФОРМАТСИЯИ РАҚАМИИ ИҚТИСОДИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Authors/Creators
Description
Дар мақола тамоюлҳои муосири таъсири технологияҳои зеҳни сунъӣ ба бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шароити трансформатсияи рақамии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд. Ҷанбаҳои назариявии татбиқи зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт баррасӣ гардида, тағйирёбии сохтори шуғл, трансформатсияи салоҳиятҳои касбӣ ва хусусиятҳои рақамикунонии муносибатҳои меҳнатӣ таҳлил шудаанд. Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои автоматикунонии равандҳои истеҳсолӣ, ташаккули касбҳои нав, рушди малакаҳои рақамии аҳолӣ ва таъсири зеҳни сунъӣ ба сатҳи бекорӣ равона шудааст. Дар асоси маълумоти оморӣ ва таҳқиқоти муосири байналмилалӣ самтҳои асосии таъсири зеҳни сунъӣ ба бозори меҳнати Тоҷикистон муайян гардидаанд. Тавсияҳо оид ба такмили сиёсати давлатии шуғл, рушди сармояи инсонӣ ва баланд бардоштани саводнокии рақамии аҳолӣ дар шароити ташаккули иқтисоди рақамӣ пешниҳод шудаанд.