ХУСУСИЯТҲОИ ТАРБИЯИ ЉИСМОНӢ БАРОИ ДОНИШҶӮЁН-ОМӮЗГОРОНИ ОЯНДА
Authors/Creators
Description
Дар мақолаи мазкур масъалаи рушди ҷисмонии донишҷӯён ва омодагии ҷисмонии донишҷӯён дар шароити муосир мавриди барраск қарор дода шудааст. Муаллиф қайд менамояд, ки дар шароити муосир масъалаи омодагии ҷисмонӣ ва солимии донишҷӯён яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Нақши омодагии ҷисмонии донишҷӯён гуногунҷанба мебошад. Рушди техники, рушди босуръати илм ва афзудани миқдори иттилооти нав, ки барои мутахассиси муосир зарур мебошанд, фаъолияти илмии донишҷӯёнро хеле шиддатнок мегардонанд. Дар таҳсилоти муосир тарбияи ҷисмонӣ – ягонагии омодагии умумк ва махсуси ҷисмонӣ, рушди шакл ва вазифаҳои организм, сифтҳои ҷисмонӣ, маҳорат ва таҷрибаи ҳаракаткунї имконият медиҳад, ки ба шахсият таъсири назаррас расонида шавад. Асоси омодагии ҷисмониро машғулиятҳои мунтазами машқҳои ҷисмонӣ ва варзиш ташкил менамоянд, ки дар натиҷаи онҳо малакаву маҳорати мухталифи ҳаракаткунк ва сифатҳои ҷисмонӣ ташаккул ва такмил меёбанд, ба таври мунтазам тармимият рушд менамояд, ки бо маҷмуи пешравиҳои морфологк ва функсионалии фаъолияти организм, беҳтаргардии механизмҳои танзим ва мувофиқгардї ба сарбориҳои ҷисмонӣ, беҳтар гардидани раванди эҳёгардк тасниф карда мешавад. Тамоми навъҳои машғулият, ки бо фаъолияти ҳаракаткунї алоқаманд мебошанд, ба амалнамоии муътадили низомҳои асосии организм, такмили фаъолият ва бунёди заминаҳо барои нигоҳдорї ва мустаҳкам намудани солимиву тандурустк мусоидат менамоянд. Бо кумаки машқҳои махсусан интихобгардидаи ҷисмонӣ метавон аксарияти нишондиҳандаҳои рушди ҷисмонии донишҷӯёнро беҳтар намуд. Машқу тармими ҷисмонӣ дар муассисаҳои олии касбї дар нигоҳ доштани саломатї ва рушди ҷисмонии донишҷӯён мусоидат намуда, диққати махсусро талаб менамояд.
Files
ОБЩ ЛАЙБ 03-278-283.pdf
Files
(437.1 kB)
| Name | Size | Download all |
|---|---|---|
|
md5:4bdf9ae9b800b13c8423659901589e55
|
437.1 kB | Preview Download |