Published June 15, 2024 | Version v1
Conference paper Open

ТАҲАВВУЛИ МАВЗӮЪ ВА МАЗМУН ДАР ҒАЗАЛИЁТИ ШОИРОНИ ТОҶИКИ ӮЗБЕКИСТОН

Description

Шеър дар даврони истиқлоли Ӯзбекистон вориди маҷрои нав гардид. Дар муддати хеле кӯтоҳ шеъри нави форсӣ-тоҷикӣ аз шеъри даҳсолу бист сол пеш фосила гирифт ва ин фосилагирӣ ҳам дар мазмуну мӯҳтаво ва ҳам дар шаклу қолиби шеъри ин давра намудор гардид. Шоироне чун Паймон, Абдулло Субҳон, Ҷаъфар Муҳаммад, Нормурод Каримзода, Фозил Шукурзод, Зебо Тоҳириён, Шоҳид, Озармеҳр, Хоҷа, Парисо, Саидаи Синавӣ, Асадуллоҳ, Шаҳзода, Дилшоди Фарҳодзод, Олим Панҷизода, Расулбеки Аҳмадзод, Солеҳ Муҳаммад, Одил Комил, Файз Маҳмуд, Хусрави Саъдуллоҳ ва дигарҳо бо ашъори шоёни худ ба арсаи адабиёти давраи истиқлол қадам ниҳоданд. Шоирони номбурда бо шеъри баланду дарки масъулият по ба арсаи адабиёт ниҳоданд. Шоирони ин давраро метавон аз рӯи мӯҳтаво ва шакли ашъорашон ба се гурӯҳ ҷудо намуд: шоироне, ки майл ба шеъри суннатӣ доранд; шоироне, ки майл ба шеъри модерн доранд ва шоироне, ки ҳам шеъри модерн ва ҳам шеъри суннатӣ мегӯянд.

Files

680-685.pdf

Files (261.5 kB)

Name Size Download all
md5:016f7b68e2ffd3c05b85a376d3783be4
261.5 kB Preview Download

Additional details

Dates

Available
2024-05-20